Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз "Сафеддара"


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми декабр, аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» дар ноҳияи Варзоб дидан намуда ва дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ иштирок кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ин маҷмаа аз тарафи ширкати «Сафеддара» навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи истироҳатию фароғатӣ ва тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил дода шудааст.

Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, давоми соли ҷорӣ хатти нави ҳавоӣ (канатная дорога) бо дарозии 2 километр сохта шудааст, ки аз 32 хоначаи равон иборат мебошад ва дар ҳар як хонача имкон дорад то 8 нафар ҷой шаванд. Ин хатти ҳавоӣ тавоноии боло бурдани 1000 нафарро дар як соат ба баландии 2600 метр дорад ва аз сӯи ширкати австриягии "Допелмайер" сохта шудааст.

Зимнан, соли гузаштаи 2015 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ҷиҳати фурӯши маҷмааи "Сафедорак", ки то он замон дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ қарор дошт, тендер эълон кард. Кумита қимати аввалияи ин иншоотро 1 миллиону 920 ҳазор сомонӣ муайян карда буд. Дар тендери кушода ширкати “Сафеддара” ғолиб омад. Ин ширкат ин маҷмааро бо қиммати 1 миллиону 925 ҳазор сомонӣ (беш аз 200 ҳазор доллар бо қурби онвақта) харидорӣ кард.

Маҷмааи лижаронии "Сафеддара" соли 1976 бунёд шуда, аз як меҳмонхонаи 4-қабата ва хати ҳавоии дукилометрӣ иборат буд.

"Сафед-дара" азнавсозӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

XS
SM
MD
LG