Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунгузори Афғонистон аз таркиши бомба захм бардошт


Наҷиб Дониш
Наҷиб Дониш

Таркиши бомба дар Кобул, пойтахти Афғонистон, дасти кам се нафарро бо шумули намояндаи порлумон захмӣ кард. Ноиби сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш рӯзи 28 декабр гуфт, бомбаро дар зери пул гузоштанд ва эҳтимол ҳадаф қонунгузор Фаррухи Биҳиштӣ аз Бомиён буд.

Раиси пулиси Кобул Абдураҳмон Раҳимӣ гуфт, бомба дар ноҳияи Дашти Барчӣ дар ҳоле таркид, ки қонунгузор Биҳиштӣ ба сӯи порлумон мерафт. Дар ин ҳодиса писари Биҳиштӣ низ захмӣ шуд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Ҳафтае пеш, дар пайи ҳамлаи се ҷангҷӯи Толибон ба манзили намояндаи мардумӣ аз вилояти Ҳилманд ҳашт сокини мулкӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG