Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қуттии сиёҳ"-и Ту-154-и Русияро аз Баҳри Сиёҳ ёфтанд


Ғаввосони рус "қуттии сиёҳ"-и ҳавопаймои Ту-154-ро, ки рӯзи якшанбе дар наздикии Сочи суқут кард, пайдо кардаанд. Масъулини Вазорати дифои Русия дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС ҳамчунин гуфтаанд, ҷасади се мусофири дигар ва пораҳои зиёди ҳавопаймо пайдо шудааст.

Хабаргузории Интерфакс навиштааст, "қуттии сиёҳ"-и асосӣ пайдо ва аллакай ба берун бароварда шудааст. Ҳамчунин маҳалли қуттии дувумро низ маълум кардаанд. Қаблан "Коммерсант" бо истинод ба манбаи худ иттилоъ дод, ки як муҳофизи соҳилии Хадамоти амнияти Русия шоҳиди ҳодисаи суқути Ту-154 шудааст. "Ҳавопаймо хеле оҳиста парвоз мекард ва қисмати пешаш сахт осеб дида буд", - гуфтааст муҳофиз. Ҳарфҳои афсари Хадамоти амнияти Русия фарзияи иштибоҳи халабонҳоро тақвият хоҳад бахшид, менависад "Коммерсант".

Ҳавопаймои Ту-154 рӯзи 25 декабри соли равон дар роҳ ба сӯи Сурия суқут кард. Дар дохили он 92 одам, аз ҷумла аъзои ансамбли рақсу суруди ба номи Александров ва раҳбари бунёди "Кумаки одилона"-и Русия Елизавета Глинка, рӯзноманигорон ва низомиён ҳузур доштанд.

Ба иттилои Интерфакс, аллакай ҷасади 80 мусофир пайдо шудааст. Вале ин иттилоъ то ҳол расман тасдиқи худро наёфтааст. Корҳои ҷустуҷӯӣ дар маҳалли ҳодиса идома дорад.

Хадамои амнияти Русия мегӯяд, аломатҳои сурат гирифтани ҳамла ё теракт дар дохили ҳавопайморо пайдо накардаанд. Аз кор мондани муҳаррикҳои ҳавопаймо ба иллати бесифатии сӯзишворӣ, нуқси техникӣ ва иштибоҳи халабонҳо фарзияҳои суқути Ту-154 ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG