Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: Киссинҷер миёнарави ИМА ва Русия мешавад


Генри Киссинҷер, котиби давлатии пешини ИМА баъди савгандёдкунии президенти тозаинтихоб ба ҳайси миёнарави Русия ва Иёлоти Муттаҳида корро шуруъ хоҳад кард. Нашрияи олмонии Bild бо истинод ба манбааш дар мақомоти махсуси Аврупо навиштааст, ки Киссинҷер дар ҳоли ҳозир барои маъмурияти нави ИМА тарҳи ба эътидол овардани муносибатҳоро бо Москва омода мекунад.

Ба гуфтаи Bild, котиби давлатии пешини ИМА муколама бо Кремлро дар қиболи пурзӯршавии Чин гоми дуруст медонад. "Киссинҷер пешниҳод дорад, ки ҳукфармо будани Русияро дар Осиёи Марказӣ бояд эътироф кард", - омадааст дар матлаб. Ба ҷуз ин, бар пояи нақша, Трамп бояд барои манъи таҳримҳо зидди Русия талош кунад.

Дар ҳоли ҳозир Сенати ИМА лоиҳаи қонунеро баррасӣ дорад, ки манъи таҳримҳоро зидди Русия мушкил мекунад. Бар пояи лоиҳа, таҳримҳои зидди Русия дар ҳоле манъ мешаванд, ки Қрими ғасбшуда дубора ба Украина баргардонида шавад ё қарори мазкурро ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ё мақомоти Киев қабул кунанд.

Қонуни амалкунанда имкон медиҳад, то таҳримҳои ИМА зидди Русия бо тасмими президент бекор карда шаванд. Киссинҷер аз соли 1973 то соли 1977 ба ҳайси котиби давлатӣ кор карда, ташаббускори "сиёсати танишзудоӣ" миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ буд. Вай соли 1973 бо ҷоизаи сулҳи Нобел сарфароз шудааст.

XS
SM
MD
LG