Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон хост, ба марзи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ шавад


Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ хостааст, дар шароити, ба қавли ӯ, "тағйирёбии вазъи сиёсиву низомии ҷаҳон" даст рӯи дасти якдигар гузоранд. Ӯ рӯзи 26 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, "ҳолати мавҷуда масъулияти бузурги таҳкими ҳамгироиву муштаракот ва амалисозии тадбирҳои шадиди пешгирикунандаи ҳама гуна хатару чолишҳои минтақавӣ ва байналмилалиро беш аз пеш тақозо менамояд."

Оқои Раҳмон аз кишвраҳои узви СПАД хост, ба масъалаи муҳим будани ҳифзи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон низ аҳамият диҳанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, ҳифзи ин марз “тадбири муҳим дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ” аст.

Ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 26 декабр дар Санкт-Петербург баргузор шуд. Дар ин ҷаласа раиси ҷумҳури Русия, раҳбарони Арманистону Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон иштирок карданд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷаласа вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷмула афзоиши хатари терроризму экстремизм ва вазъи мураккаби сиёсиву низомии Афғонистон баррасӣ шудааст. Вале дар хабари дафтари матбуот таъкид нашудааст, ки оё Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёни худ низ мулоқоти як ба як дошта ва чӣ масъалаҳоро баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG