Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия: "Ҷиҳодиҳо 30 сокини Ал-Бобро куштанд"


Низомиёни Туркия мегӯянд, ки рӯзи якшанбе дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба шаҳри Ал-Боб, дастикам 30 сокини мулкӣ кушта ва бисёриҳо захм бардоштанд. Ҷангиёни ДИИШ мехостанд, ба ҷараёни берун шудани мардум аз шаҳр халал расонанд.

Дар тӯли ҳафтаҳои ахир шӯришгарони суриягӣ, ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДИИШ-ро бо кумаки низомиёни Туркия дар иҳота қарор доданд. Туркия амалиётеро таҳти номи шартии "сипари Фурот" ҳудудан чаҳор моҳ пеш оғоз кард, то ҷангиёни суннӣ ва курдҳоро аз марзи Сурия берун ва барои бозгашти паноҳандагон минтақаи амн бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG