Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони АвруОсиё ва СПАД дар Санкт-Петербург


Рӯзи 26 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия иҷлосияи Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои хадамоти матбуотии Кремл, дар иҷлосии Шӯрои АвруОсиё раҳбарони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия натиҷаи кори дусолаи аввали иттиҳод ва нақшаи минбаъдаи рушди ҳамгироии онро баррасӣ мекунанд.

Мавзуи меҳварии мулоқот имзои Шартнома оиди Кодекси гумруки АвруОсиё хоҳад буд. Ҳамчунин қарор аст, як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла санадҳои марбут ба тезонидани раванди ташкили бозори ягонаи молу хидматрасонӣ ба имзо расад.

Дар иҷлосияи СПАД сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус ва Русия ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи созмон муҳокима хоҳанд кард. Ҳамчунин қарор аст, дар робита ба масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдидҳои экстремизму терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ табодули назар сурат гирад.

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД қаблан гуфта буд, ки раҳбарони кишварҳои узв шеваҳои эҳтимолии вокунишро ба афзоиши фаъолиятҳои НАТО дар марзи блоки низомӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG