Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Девид Робсон даргузашт


Девид Робсон ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Девид Робсон, раиси ширкати нафту гази "Тетис Петролиум" ва, инчунин, узви Шӯрои нозирони "Ориёнбонк", дар 58-солагӣ даргузаштааст. Бино ба иттилои пайвандонаш, Робсон шаби 24 декабр дар ҳузури аҳли хонавода дар ҷазираи Гернси фавтидааст. Гернси аз силсилаҷазираҳои гулӯгоҳи Ла-манш аст, ки қаблан ба Бритониё тааллуқ дошт.

Ширкати “Тетис петролиум” соли 2007 бо изҳороти кашфи захираҳои бузурги нафту газ вориди Тоҷикистон шуд, аммо бо гузашти 9 сол дар амри истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ба муввафақияте ноил нагашт.

Девид Робсон то охири ҳаёт раёсати ширкати "Тетис петролиум"-ро ба ӯҳда дошт ва ду сол қабл – соли 2014 ба ҳайси узви Шӯрои нозирони "Ориёнбонк" пазируфта шуд. Ҳини пазируфта шудан ба ҳайси узви Шӯрои нозирони ин бонк, Робсон "Ориёнбонк"-ро аз "пояҳои иқтисоди Тоҷикистон" хонда ва гуфта буд, "барои табдил доданаш ба як муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ" талош хоҳад кард.

Раҳбари "Тетис петролиум", ки дар ҷануби Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи нафту газ машғул аст, бо изҳороти хушбинонааш дар бораи захираҳои нафту гази Тоҷикистон зуд-зуд мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор мегирифт.

Дар соли 2011 ӯ тавонист ду ширкати калони фаронсавӣ, “ТОТАЛ” ва ширкати чинии China National Petroleum Corporation (СNPC)-ро барои иктишофу истихроҷи нафту газ ба ҳавзаи “Бохтар” ҷалб кард. Он замон Робсон бо такя ба омӯзишҳои ширкаташ дар майдони “Бохтар” дар ҳавзаи Амударё гуфта буд, ҳаҷми захираҳои нафту газ дар ин ҳавза 3,22 триллион метри мукааб газ ва 8,5 миллиард бушка нафтро ташкил медиҳад.

Аммо шарикии мусолиматомези “Тетис Петролиум” бо ширкати чиниву фаросанвӣ дер напоид ва ҳоло “Тетис петролиум” бо ин ду ширкат вориди як баҳси додгоҳии тӯлонӣ шудаанд. Тotal ва CNPC «Тетис петролиум»-ро дар иҷро накардани уҳададориҳояш дар ихтисоси маблағ ҷиҳати шурӯи корҳои иктишофӣ дар конҳои Тоҷикистон айбдор карда буданд.

Ширкати “Тетис петролиум” соли 2007 бо изҳороти кашфи захираҳои бузурги нафту газ вориди Тоҷикистон шуд, аммо бо гузашти 9 сол дар амри истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ба муввафақияте ноил нагашт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG