Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил равобити худ бо СММ-ро бознигарӣ мекунад


Бенямин Нетаняҳу

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, мегӯяд, қатъномаи ахири Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи шаҳраксозиҳои Исроил дар ҳудуди Фаластин гуфтугӯи сулҳро мушкил хоҳад кард. Трамп рӯзи шанбе дар Твиттери худ тасвиби ин қатъномаро “зараре бузург” хонд. Ҳамзамон Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил эълон кардааст, ки Телавив дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи ахир равобити худ бо Созмони Милалро мавриди бозбинӣ қарор хоҳад дод. Нетаняҳу гуфт, дастур додааст, ҳудуди ҳашт миллион доллар кумакҳои Исроил ба муассисаҳои зермаҷмӯаи Созмони Милал мутаваққиф шавад. Вай ҳушдор дод, ки давлаташ иқдоми аз ин бештареро рӯи даст хоҳад гирифт. Пештар дафтари Бенямин Нетаняҳу гуфта буд, Исроил худро мулзам намедонад, ки қатъномаи Шӯрои амниятро дар бораи таваққуфи шаҳраксозиҳо риоят кунад. Шӯрои амнияти СММ рӯзи ҷумъа бо тасвиби қатъномае хостори тавқифи фаврии шаҳраксозиҳои Исроил дар заминҳои Фаластин шуд. Амрико аз ветои ин қатънома худдорӣ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG