Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба хонаи намояндаи пешини Толибон дар Кобул


Рӯзи 21-уми декабр Толибон ба хонаи Мир Валӣ вакили порлумон аз Ҳилманд ҳамла карда, 8 нафарро куштанд.
Рӯзи 21-уми декабр Толибон ба хонаи Мир Валӣ вакили порлумон аз Ҳилманд ҳамла карда, 8 нафарро куштанд.

Рӯзи 23-уми декабр ду фарди мусаллаҳ ба хонаи як раҳбари собиқи Толибон дар Афғонистон ҳамла карда ва дасти кам як нафарро куштаанд. Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки ҳангоми ҳамла ба хонаи Мулло Абдулсалом Заиф дар шаҳри Кобул ӯ дар манзилаш набудааст.

Фаридун Убайдӣ, раиси бахши тафтишотии раёсати умури дохилии Кобул, дар натиҷаи ҳамла посбони хона кушта шудааст. Ҳарду фарди мусаллаҳ дар мотосикл аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд ва касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Абдулсалом Заиф, сафири собиқи Толибон дар Покистон дар солҳои 90-ум бо ҳукумати Афғонистони таҳти пуштибонии Амрико сулҳ кардааст. Ҳамла ба хонаи намояндаи пешини Толибон ду рӯз баъд аз ҳамлаи маргбор ба хонаи як вакили мардумии афғон сурат мегирад.

Дар ин ҳамла дар вилояти ноороми Ҳилманд 8 нафар кушта шуданд. Худи вакил осеб надидааст. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG