Пайвандҳои дастрасӣ

Ле Пен: Мушкили амнияти Аврупо аз созишномаи Шенген аст


Ле Пен, раҳбари ҳизби сиёсии Ҷабҳаи Миллии Фаронса.

Раҳбари ҳизби ростгарои "Ҷабҳаи Миллӣ"-и Фаронса Марин Ле Пен, ки дар сабқати президентии Фаронса дар соли 2017 иштирок мекунад, ҳаракати озод дар қаламрави Шенгенро аз мушкилоти амниятии Аврупо унвон кард.

Ба гуфтаи Ле Пен, набуди марзҳои миллӣ ба ин овард, ки гумонбари ҳамла ба бозори "Кристмас" дар Берлин қабл аз боздошташ марзи якчанд кишвари аврупоиро бемамоният убур кард. Ле Пен таҳдид кард, ки дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳур, Фаронсаро аз созишномаи Шенген берун меорад.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Фаронса баҳори соли 2017 баргузор мешавад. Бино ба пурсиши афкори умум Ле Пен имкон дорад ба даври дуюми сабқат роҳ ёбад. Бо вуҷуди ин, ки рақиби ӯ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, Франсуа Файон бартариҳои зиёд дорад, коршиносон мегӯянд, ки Ле Пен райъи чашмгир ба даст меорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG