Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори собиқи Маскавро оҷилан ба бемористон бурданд


Юрий Лужков, шаҳрдори собиқи Маскав
Юрий Лужков, шаҳрдори собиқи Маскав

Юрий Лужков, шаҳрдори собиқи Маскав оҷилан ба бемористон интиқол ёфт. Гуфта мешавад, ки табибон Лужковро аз ҳолати марги зоҳирӣ берун оварданд ва барои ҳифзи ҷони ӯ талош доранд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манобеи худ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи хабаргузориҳо вазъи Лужков якбора дар китобхонаи Донишгоҳи Давлатии Маскав бад шуд ва ӯ аз он ҷо бахши эҳёгарии яке аз бемористонҳои пойтахт интиқол ёфт.

Аммо Генардий Теребков, сухангӯи Юрий Лужков ба "Интерфакс" гуфт, ки ҳеҷ гуна интиқоле ба бемористон ҷой надошт.

Юрий Лужков аз соли 1992 то 2010 мири пойтахти Русия буд. Ӯ 80 сол дорад.

XS
SM
MD
LG