Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Русия Ҳизби демократи Амрикоро танқид кард


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 23 декабр зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки маъмурияти феълии Амрико мехоҳад нокомиҳои худро ба омилҳои бегона рабт диҳад. Ӯ дар посух ба суол дар бораи ҳамлаҳои ҳакерӣ ба сомонаи Ҳизби демократ, ки ИМА Русияро дар он муттаҳам кардааст, ин ҳамлаҳоро на тасдиқ кард на инкор. Аммо гуфт, муҳим ин нест, ки ҳамлаҳоро кӣ анҷом додааст, муҳим маълумотест, ки дар саҳифаи Wikileaks нашр шудааст.

"Демократҳо интихоботро ба Сенат ва Конгресс бой доданд, магар ба ин ҳам мо гунаҳкорем?- гуфт президенти Русия. Ба гуфтаи Владимир Путин, пуштибонии чашмгири ҷонибдорони ҷумҳурихоҳони ИМА аз сиёсати ӯ далели ин аст, ки мардуми Амрико ва Русия дар робита ба сохтори ҷаҳон дидгоҳҳои ба ҳам монанд доранд. Путин гуфт, ки ҷонибдори равобити "созанда ва корӣ" бо маъмурияти нави ИМА аст.

Видеоҳои охирин

"Ситораи Кремл" то куҷо дурахшид
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:05:19 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG