Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко ва Меркел вазъ дар Донбассро баррасӣ карданд


Петр Порошенко, президенти Украина зимни як суҳбати телефонӣ бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон вазъ дар Донбасс ва масъалаи табодули асиронро баррасӣ кардааст. Ба иттилои Хадамоти матбуотии прзиденти Украина, ҷонибҳо ҳангоми баррасии масоили марбут ба Донбасс вазъ дар минтақаҳои Светлодарскро муҳокима кардаанд. Порошенко ва Меркел қатъи даргириҳо дар Донбасс ва озодии фаврии асирони Украинаро зарур хондаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG