Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик унвони қаҳрамониашро нигоҳ дошт


Муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар вазни аввали сабук бар Ролдан Алдеа аз Филиппин ғалаба кард ва унвони қаҳрамони Созмони ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон (WBO Youth)-ро нигоҳ дошт.

Шавкатҷон Раҳимов аз раунди аввал ташаббусро ба даст гирифт ва баъди силсилаи зарбаҳои сахту нишонраси ӯ дар раунди дувум довари ринг қувваозмоиро қатъ кард ва дасти муштзани тоҷикро боло бардошт.

Ёдовар мешавем, Шавкатҷон Раҳимов моҳи ноябри соли равон дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар вазни то 59 килограмм бар Ҷерри Кастроверде аз Филиппин ғалаба карда буд. Баъди силсилаи зарбаҳои нишонраси Шавкатҷон дар раунди панҷум қувваозмоӣ қатъ ёфт ва муштзани тоҷик ба унвони қаҳрамони Созмони ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон (WBO Youth) мушарраф гашт.

Шавкатҷон Раҳимови 22-сола айни ҳол дар шаҳри Санкт-Петербург ба сар мебарад ва дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ Тоҷикистону Русияро намояндагӣ мекунад. Вай ҳашт қувваозмоӣ карда, дар ҳамааш дастболо шудааст. Ӯ дар шаш қувваозмоӣ бо нокаут ғолиб омадааст.

XS
SM
MD
LG