Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караулова барои талоши пайвастан бо ДИИШ зиндонӣ шуд


Варвара Караулова
Варвара Караулова

Додгоҳ як донишҷӯи собиқи Донишгоҳи давлатии Маскавро барои талоши пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба муддат чоруним сол зиндонӣ кард. Муҳлати ҷазо аз 27 октябри соли 2015 ҳисоб мешавад. Дар ин бора хабарнигори Радиои Озодӣ аз толори додгоҳ гузориш дод.

Сергей Бадамшин, вакили Варвара Караулова гуфт, ҷониби ҳимоя ҳукмро шадид медонад ва аз рӯи он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарад. Ҷониби айбдоркунанда аз додгоҳ хост, ки Карауловаро ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум кунад.

Рӯзи гузашта Караулова дар мурофиа сухани охиринро гуфт ва додгоҳро ба гузашт даъват кард. Ӯ гуфт, бо узви ДИИШ на ҳамчун бо террорист, балки ҳамчун бо марди дӯстдоштаи худ номанависӣ мекард. Ӯ фирори худро аз хона иштибоҳи бузург номид. Донишҷӯи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав Варвара Караулова моҳи июни соли 2015 ҳангоми убури марзи Туркия бо Сурия боздошт шуд. Моҳи ноябр мақомот алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

XS
SM
MD
LG