Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2017 дар Тоҷикистон "Соли ҷавонон" эълон шуд


Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли оянда "Соли ҷавонон" эълон карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 декабр зимни ироаи паёми солонааш ба порлумон ва мардуми Тоҷикистон гуфт, синни миёнаи аҳолии кишвар 24 сол аст ва бахши аслии сокинонро ҷавонҳо ташкил медиҳанд. Ин аст, ки ӯ пешниҳод кард, соли оянда дар кишвар ҳамчун "Соли ҷавонон" эълон шавад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон аз ҷавонон даъват кард, ки "ҳисси баланди миллӣ дошта ва ба давлат, забон ва арзишҳои миллат" эҳтиром гузоранд.

XS
SM
MD
LG