Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси абади Азимҷон Аскаровро бе тағйир гузоштанд


Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, то қарори ҳабси абади Азимҷон Аскаров бе тағйир гузошта шавад. Додситонӣ ҳукми зинаи аввал ва дувуми додгоҳро дуруст ҳисобидааст. Зимнан, Аскаров гуфтааст, бегуноҳ аст ва айбҳои эълоншударо қабул надорад.

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозорқурғони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ мекард ва ба фаъолияти вакилӣ машғул буд. Баъд аз ҳодисаҳои соли 2010 вай бо айби ташкили бетартибиҳо ва иштирок дар куштори пулис боздошт шуд. Додгоҳ ӯро ба ҳабси абад маҳкум карда буд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони аз мақомоти Қирғизистон хост, то парванади Аскаровро бозбинӣ кунанд. Кумитаи СММ гуфт, Аскаров ғайриқонунӣ боздошт, шиканҷа ва дар шароити бад нигаҳдорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG