Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат ва консулгариҳои Амрико дар Туркия баста шуданд


Сафорати Амрико дар шаҳри Анкара ва консулгариҳои ин кишвар дар шаҳрҳои дигари Туркия баъди онки як мард ба бинои сафорат наздик шуда, чанд тир кушод, баста шуданд. Сафорати Иёлоти Муттаҳида хабар медиҳад, марде, ки тир кушода буд, аз сӯи пулис боздошт шудааст.

Хабаргузориҳо менависанд, марди боздоштшуда силоҳи пинҳониро аз зери либосаш бароварда, тақрибан ҳашт тир кушодааст. Ӯро муҳофизони сафорат боздошт кардаанд.

Ин ҳодиса баъди чанд соати куштори сафири Русия дар Туркия рӯй дод. Сафири Русия Андрей Карловро дар намоишгоҳи аксҳо дар шаҳри Анқара куштанд. Марде, ки сӯи сафир тир кушод, Русияро дашном дода, гуфт, "қассоси Сурияро меситонад".

XS
SM
MD
LG