Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоғазҳои қиматнок барои ҳимояи молии бонкҳо


Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон.
Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон.

Порлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумат “дар бораи ба муомилот баровардани қоғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо”-ро қабул донистааст. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 21 декабр пешниҳоди ҳукумат дар ин заминаро ба баррасӣ гирифт.

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии пешниҳоди ҳукумат гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдом, дастгирии бонкҳое аст, ки дар чанд моҳи ахир ба мушкилоти молӣ рӯбарӯ шудаанд. Ҷаноби Қурбониён аз "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" ном бурд ва гуфт, ки қоғазҳои қиматнок аз ҳисоби саҳмияи онҳо таҳия ва ба фурӯш гузошта мешаванд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон низ зимни пуштибонӣ аз ин иқдоми ҳукумат гуфт, ки ин амр имкон медиҳад, то мушкилоти молии ин бонкҳо ҳал ва пасандози муштариёни бонкҳо баргардонида шавад.

Ҳамин тариқ қарор аст, бо тасвиби пешниҳоди Ҳукумат аз ҷониби порлумон, мавзӯи таҳияи қоғазҳои қиматнок матраҳ шуда ва ба фурӯш гузошта шавад ва интизор меравад маблағи ин саҳмияҳо дар муддати 5 сол баргардонида хоҳанд шуд.

Аммо қарор шуд, ки варақаҳои қиматнок дар ҳаҷми кӯмаки молии ҳукумат, ки ахиран сурат гирифт, бароварда шавад. Ин бонкҳо бошанд аз ҳисоби дороиҳояшон маблағи таҳия ва ба фурӯш баровардани варақаҳои қиматнокро таъмин хоҳанд кард.

Ҳафтаи гузашта Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти чаҳор бонки тиҷоратӣ – "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" – ҳудуди 3 миллиарду 850 сомонӣ ҷудо кард. Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” гуфтанд, ки ҳукумат ба аввалӣ ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ва ба дувумӣ 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG