Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Русия, Туркия ва Эрон "кафили сулҳи" Сурия мешаванд


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия, Эрон ва Туркия ба тавофуқ расиданд, ки бо размандагони Сурия барои расидан ба тарҳи сулҳ кор кунанд. Лавров рӯзи 20 декабр, баъди анҷоми музокирот бо вазирони умури хориҷӣ ва дифои Русия, Эрон ва Туркия дар Маскав гуфт, бояд "қаламравҳои оташбас васеъ гардида, дастрасии озод ба кумакҳои башарӣ таъмин шавад ва ҳаракати афроди мулкии суриягӣ дар ин қаламравҳо бемамониат бошад". Вай афзуд, дар Сурия муқобила бо терроризм дар авлавият қарор гирифта, ҳукумати Башор Асад бояд побарҷо бошад. Изҳороти муштараки вазирони умури хориҷии се сишвар – Сергей Лавров, Мавлуд Човушоғлу ва Муҳаммад Ҷавод Зариф асоси тавофуқи ҷонибҳо дар рӯзи 20 декабр шуд. Мулоқоти онҳо як рӯз баъди он сурат гирифт, ки дар шаҳри Анкара сафири Русия дар Туркия ҳадафи тири ҳамлагаре қарор гирифт. Ҳанӯз маълум нест, ки дар пушти ин ҳамла чӣ ва кадом гурӯҳҳое қарор доранд.

XS
SM
MD
LG