Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла дар Берлин 12 кушта барҷой гузошт. ВИДЕО


Дар натиҷаи ҳамлаи ронандаи як мошини борбар ба таҷаммӯи сокинон дар "бозорчаи Крисмас" дар Берлин 12 нафар кушта ва ҳудуди 50 тан захмӣ шуданд. Ҳодиса шаби 19 декабр иттифоқ афтод. Расонаҳои олмонӣ гуфтанд, мақомот ин ҳодисаро ба унвони "ҳамлаи террористӣ" баррасӣ мекунанд. Феълан ронандаи ин мошини борбар боздошт шудааст. Мақомоти расмии Олмон, аз ҷумла Йоахим Гаук, президенти ин кишвар ба хонаводаи кушташудаҳо арзи таслият карданд. Вазири умури дохилии Олмон Томас де Мезйер ба ҳукумати Берлин пешниҳод кард, ки ба ҳамагуна кумак омода ҳастанд. Пулиси Олмон дар саҳифаи Твиттери худ аз шаҳрвандони Берлин хостааст, ки аз хонаҳои худ хориҷ нашаванд. Хабаргузории Олмон ба нақл аз суратгираш аз ҳузури пулиси зиёд дар минтақа хабар дода ва мегӯяд, ки чандин худрави пулис ҳам ба самти маркази шаҳр ҳаракат кардаанд.

Навори видео:

Ҳамла дар Берлин 12 кушта барҷой гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

XS
SM
MD
LG