Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев гуфт, ки чаро ҳокимони чор вилоятро иваз кард


Шавкат Мирзиёев ҳангоми савгандёдкунӣ ба ҳайси раиси ҷумҳури Узбакистон
Шавкат Мирзиёев ҳангоми савгандёдкунӣ ба ҳайси раиси ҷумҳури Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби Узбакистон барканории якбораи ҳокимони чаҳор вилояти кишвараш - Тошканд, Сирдарё, Сурхандарё ва Бухороро шарҳ додааст. "Ҳокимони чаҳор вилоят аслан барои он барканор шуданд, ки ба муроҷиати шаҳрвандон тавассути қабулгоҳҳои маҷозӣ беэътиноӣ зоҳир карданд", - омадааст дар саҳифаи махсуси фейсбукии президенти Узбакистон.

Ҳафтаи гузашта Исломҷон Эргашхоҷаев, ҳокими вилояти Тошканд аз вазифааш сабукдӯш шуда, ӯро дар ин мақом Шукрулло Бобоев иваз кард. Ойбек Ашурматов низ аз вазифаи ҳокими вилояти Сирдарё озод ва ба ҷои ӯ Ғафурҷон Мирзоев таъйин шудааст.

Ҳамчунин Эркин Турдимов ба ҷои Тоҷимурод Мамараимов ҳокими вилояти Сурхандарё ва Уктам Барноев ба ҷои Муҳиддин Эсанов ҳокими вилояти Бухоро интихоб гардидаанд. Шавкат Мирзиёев зимни яке аз суханрониҳои худ гуфта буд, мансабдороне, ки талаботи қонун "Дар бораи шахсони ҳуқуқию воқеӣ"-ро иҷро намекунанд, на танҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ бояд кашида шаванд.

XS
SM
MD
LG