Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров: дар Грозний 11 ҷангҷӯ кушта шуд


Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров гуфт, мақомоти қудратии кишвараш 11 ҷангҷӯи эҳтимолиро дар наздикии Грозний куштанд. Даргириҳои мусаллаҳона пештар дар Чеченистони ҷангзада як ҳодисаи маъмулӣ буд, аммо баъди сари қудрат омадани Қодиров чунин ҳодисаҳо хеле кам сар мезаданд.

Қодиро мегӯяд, 18 декабр пулис мехост мошини сабукравро манъ кунад, дар посух аз дохили мошин ба пулис тир кушода шудааст. Дар ин тирпаррониҳо пулис чаҳор ҷангӯро кушта ва ду тани дигарро захмӣ кардааст. Баъдан мақомоти қудратии Чеченистон ҷангҷӯёнро дар беруни Грозний пайгирӣ кардаанд, ки дар ин задухӯрдҳо ҳафт ҷангҷӯи дигар кушта ва чаҳор тан боздошт шудааст.

Қодиров бо кумакҳои бемаҳдуди Москва тавонист, ки вазъи Чеченистонро баъд аз ду ҷанги ҷудоихоҳӣ - дар солҳои 1990 ва ибтидои 2000-ум муътадил гардонад. Замони роҳбарии Қодиров пойтахти Чеченистон - шаҳри Грозний, ки наздики 270 ҳазор аҳолӣ дорад, бозсозӣ шуд ва хонаву боғу масҷидҳо қомат афрохт.

XS
SM
MD
LG