Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ба мавсими нави футбол омода мешавад


Футболбозони дастаи "Истиқлол"-и Душанбе баъд аз рухсатӣ омодагиро ба мавсими футболи соли 2017 таҳти раҳбарии сармураббии нави бошгоҳ Муҳсин Муҳаммадиев шуруъ карданд. Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, аввалин тамрини даста рӯзи 17 декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Агар барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Ҳосилот»-и Фархор – ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёбад, онгоҳ Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар Ҷоми AFC-2017 бо “Ҳосилот” рақобат хоҳад кард.

Дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони панҷкаратаи Тоҷикистон, нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Осиёи Марказӣ 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили ғолиби бозиҳои плей-офф анҷом медиҳад. Дар мавриде ки агар барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - «Ҳосилот»-и Фархор – ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёбад, онгоҳ Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар Ҷоми AFC-2017 бо “Ҳосилот” рақобат хоҳад кард.

Дастаи «Ҳосилот» ба рақобат аз даври пешакии Ҷоми AFC-2017 шуруъ мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби “Ҳосилот” қаҳрамони Афғонистон – бошгоҳи «Шоҳин Осмоӣ» - мебошад. Бозии аввал 31-уми январ дар меҳмонӣ ва бозии ҷавобӣ 7-уми феврал дар Душанбе доир мешаванд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев
Мӯҳсин Муҳаммадиев

Дастаи «Ҳосилот» дар мавриди пирӯзӣ бар «Шоҳин Осмоӣ» дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой» (Қирғизистон) – «Балкан» (Туркманистон) рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)

Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

XS
SM
MD
LG