Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП: Иқтисоди Қирғизистон дар соли 2016 бештар рушд кардааст


Сандуқи байналмилалии пул пешгӯиҳои рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистонро барои соли 2016 то 2,6% боло бурд. Қаблан коршиносон рушди иқтисодии Қирғизистонро дар соли 2016 то 2 дарсад пешгӯӣ карда буданд. Дар ҳамин ҳол бе назардошти тилло рушди воқеӣ 2,4 дарсад будааст. Дар ҳоле ки ин нишондод соли гузашта 4,5 дарсад буд. Ҳаҷми номиналии ММД 452 миллиард сом (ҳудуди 45,2 миллиард сомонӣ)-ро ташкил додааст. "Боло бурдани андозҳо, кам кардани маошу пардохтҳои камаҳамият ва тадбирҳои дигар барқарории захираҳо ва коҳиши омилҳои осебрасони вазъи қарзҳо сабаб шудааст", - омадааст дар гузориши СБП.

XS
SM
MD
LG