Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ду шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо кард


Марзи миёни Узбакистону Қирғизистон
Марзи миёни Узбакистону Қирғизистон

Тошканд ду шаҳрванди Қирғизистонро, ки қаблан бо гумони убури ғайриқонунии марзи Узбакистон боздошт шуда буданд, ба ҷониби Бишкек таслим кардааст. Вазъи саломати онҳо қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Ҷониби Узбакистон мегӯяд, ки шаҳрванди севуми Қирғизистонро рӯзҳои наздик, баъди дастрас шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташ раҳо хоҳад кард. Се сокини Қирғизистонро марзбонони Узбакистон рӯзи 11 декабри соли равон бо айби убури ғайриқонунии марз дастгир карда буданд. Боздоштшудаҳо гуфтанд, ки дар пайи номусоидии боду ҳаво ва туман ноогоҳона вориди Узбакистон шудаанд.

XS
SM
MD
LG