Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ дар бораи Ҳалаб раъйгирӣ мекунад


Шӯрои амнияти СММ имрӯз, якшанбеи 18 декабр дар бораи тарҳи пешниҳодии Фаронса доир ба фиристодани нозирон ба шаҳри Ҳалаби Сурия, раъйгирӣ хоҳад кард. Ба гузориши расонаҳо, Русия бо ин пешниҳоди Фаронса, ки метавонад роҳро барои дахолати бештар кишварҳои ғарбӣ дар Сурия ҳамвор кунад, мухолиф аст. Аз сӯи дигар, бо вуҷуди он, ки хабарҳо мегӯянд, ки ҳазорон нафар аз Ҳалаб берун шудаанд, мардум то ба ҳол дар кӯча ва хиёбонҳои ин шаҳри ҷангзада дар интизори интиқол ба минтақаҳои амн ҳастанд. Гуфта мешавад, ки то ба ҳол беш аз 5 ҳазор нафар тавонистаанд аз ин шаҳр берун шаванд.

XS
SM
MD
LG