Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфтааст, давлати ӯ барои шаҳрвандони Сурия минтақаҳои амн эҷод мекунад ва кишварҳои араби ҳошияи Халиҷи Форс ҳазинаи чунин минтақаҳоро пардохт хоҳанд кард. Трамп, ки рӯзи 16 декабр дар як гирдиҳамоӣ дар Орландои иёлати Флорида суҳбат мекард, гуфт, "мо талош хоҳем кард, то масоил дар масири дуруст қарор гирад ва ба мардум ёрӣ кунем". Доналд Трамп рӯзи 20 январ ба таври расмӣ савганд ёд хоҳад кард. Тайи рӯзҳои охир раҳбарони кишварҳои мухталиф нисбат ба ончи ки дар Ҳалаб дар ҷараён аст, ибрози нигаронӣ карданд. Аз рӯзи сешанбе тавофуқ байни Русия ва гурӯҳҳои шӯришӣ барои оташбас ва холӣ кардани шарқи Ҳалаб ба даст омада, вале то кунун ду бор иҷрои ин тавофуқ ба таъхир гузошта шудааст.