Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон 13 террористро ба марг маҳкум кард


Артиши Покистон эълон кард, ки 13 тан аз афроде, ки дар ҳамлаҳои террористӣ даст доштанд, ба марг маҳкум шудаанд. Ин дар ҳоле эълон шуд, ки гурӯҳи Толибон ду сол қабл ба як мактаби вобаста ба артиш дар шаҳри Пешовар ҳамла намуд ва ҳудуди 150 нафарро, ки акcари онҳо толибилмон буданд, ба ҳалокат расониданд.

Артиш ва мақомоти додгоҳӣ дар Покистон рӯзи 16 декабр гуфтанд, онҳое, ки ба қатл маҳкум шуданд, афроде мебошанд, ки ҳамлаҳо ба Донишгоҳи Бачахон дар Чорсади вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, масҷиди Parade Lane дар шаҳри Ровилпиндӣ, меҳмонхонаи Marriot дар Исломобод, дафтари муассисаи World Vision дар минтақаи Мансеҳра ва муассисаи таълимии Navagai Buner-ро тарҳрезӣ карда буданд.

Артиши Покистон гуфтаааст, дар пайи ҳамлаҳое, ки ин афрод дар онҳо даст доштанд, 325 нафар кушта ва 366 тани дигар захмӣ шуданд. Қабл аз маҳкумият ба марг, ин афрод дар додгоҳҳои низомӣ муҳокима шуда буданд.

XS
SM
MD
LG