Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои ёфтани Абубакр Ал-Бағдодӣ 25 млн $ ваъда кард


Абубакр Ал-Бағдодӣ.
Абубакр Ал-Бағдодӣ.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 16 декабр барои маълумоте, ки мунҷар ба боздошти Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" шавад, 25 миллион доллар ҷоиза ваъда додааст. Дар моҳи октябри соли 2011 Амрико барои маълумот дар бораи ҷои будубоши Ал-Бағдодӣ, 10 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.

Абубакр Ал-Бағдодӣ, ки номи аслии ӯ Иброҳим Ал-Самарарӣ мебошад, ду сол қабл худро халифа эълон кард ва гурӯҳи таҳти фармони ӯ то ба ҳол бахшҳое аз Сурия ва Ироқро дар ихтиёр доранд. Тарафдораш ӯро "Халифа Иброҳим" ном мебаранад.Мақомоти ироқӣ ба ин боваранд, ки афзоиши фишорҳо бар асари амалиётҳои низомии нерӯҳои эътилоф, боиси он шудааст, ки Ал-Бағдодӣ ва дигар саркардаҳои гурӯҳ аз як ҷо ба ҷои дигар дар ҳаракат бошанд ва талош мекунанд, ки дар мазҳари умум зоҳир нашаванд.

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъули марги ҳазорон нафар дар Ховари Миёна аз ҷумла куштори бераҳмонаи шуморе аз гаравгонҳо аз Ҷопон, Бритониё ва Амрико мебошад. Шумораи ҷангиёни ин гурӯҳ ба ҳазорҳо мерасад, ки садҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба он шомил мебошанд.

XS
SM
MD
LG