Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон 30 муҳоҷири афғонро ба ватанашон баргардонд


Муҳоҷири афғон баъди вуруд ба Кобул, хоки ватанашро мебӯсад.
Муҳоҷири афғон баъди вуруд ба Кобул, хоки ватанашро мебӯсад.

Гурӯҳи 30 нафарии мардони афғонро баъди рад шудани дархости паноҳандагиашон аз Олмон ихроҷ кардаанд. Бино ба гузоришҳо, як ҳавоапайои чартерӣ онҳоро аз шаҳри Франкфурт рӯзи 15-уми декабр ба Кобул овард. Баъди мувофиқати Олмону Афғонистон дар моҳи окятбр дар бораи бозгардонидани муҳоҷирон, бори аввал аст, ки гурӯҳе аз афғонҳоро ба кишварашон бармегардонанд. Олмон соли 2015 бештар аз 890 ҳазор муҳоҷирро қабул кард, ки аксарияташон аз ҷангҳои Афғонистону Ироқ ва Сурия фирор карда ба онҷо рафтаанд. Дар нимаи аввали имсол 18 шаҳрвандаи Афғонистонро аз Олмон рондаанд ва ба 12 500 нафарашон амр додаанд, ки аз кишвар хориҷ шаванд. Олмон ба онҳое, ки дархости паноҳандагиашон рад шудааст, ёрдами молӣ медиҳад, то худашон ба ватанашон баргарданд.

XS
SM
MD
LG