Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабибуллоев: "Ният дорем ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёбем". ВИДЕО


Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, ба даври интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе омодагӣ мебинад.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии “Ҳосилот”, рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақсади даста роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии Ҷоми AFC мебошад, бинобар ин ҳайаташро мустаҳкам мекунад.

Оқои Ҳабибуллоев афзуд, “ба ҷуз футболбозоне, ки мавсими гузашта дар ҳайати “Ҳосилот” бозӣ кардаанд, мо якчанд бозигари навро ба даста даъват намудем. Инҳо Хуршед Бекназаров ва Бахтиёр Қаландаров аз “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, Агблей Ҷонес аз “Хайр”-и Ваҳдат, Муҳаммадҷони Ҳасан аз “Барқчӣ”-и Душанбе, Шодибек Ғаффоров аз ССКА “Помир”-и Душанбе мебошанд. Боз ду-се нафари дигарро даъват карданием. Онҳое, ки аз озмоиш мегузаранд, ба ҳайати даста шомил мешаванд.”

Ба гуфтаи сармураббӣ дар ҳайати “Ҳосилот” панҷ бозигар аз дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунанд. Инчунин ба ҳайати даста се легионер аз Гана ва як нафар аз Узбакистон дохиланд.

Ҳабибуллоев: "Ният дорем ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC роҳ ёбем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Мӯсо Содиқ, легионери африқоӣ, ки аз мавсими гузашта дар дастаи «Ҳосилот» бозӣ мекунад, бо хабарнигори Радиои Озодӣ ба забони тоҷикӣ суҳбат кард. Вай гуфт, «рӯзи дуюм аст, ки мо машқ мекунем. Тайёриҳо соз рафтестай. Иншооллоҳ, бозиҳоро мебарем ва ба даври гурӯҳӣ мебароем.»

Оқои Ҳабибуллоев иброз дошт, ки марҳилаи аввали омодагии дастаи “Ҳосилот” ба Ҷоми AFC дар пойтахти кишвар то Соли нав идома хоҳад кард. Марҳилаи дувуми омодагӣ моҳи январ дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққуми вилояти Суғд) доир хоҳад шуд, ки дар он ҷо баргузории якчанд бозии санҷишӣ бо дастаҳои Қазоқистону Узбакистон дар назар аст.

​Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG