Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб аз Кобул хост, ки зиёдаравиҳои Дӯстумро таҳқиқ кунад


Аҳмад Ишчӣ
Аҳмад Ишчӣ

Баъзе аз кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Афғонистон даъват карданд, қазияи марбут ба Абуррашид Дӯстум, муовини президенти ин кишварро, ки гӯиё мухолифи сиёсияш Аҳмад Ишчиро рабуда, латту кӯб ва ба таҷовуз таҳдид кардааст, таҳқиқ намояд. Аҳмад Ишчӣ, раиси собиқи вилояти Ҷузҷони Афғонистон, иддао дорад, ки муҳофизони Дӯстум ӯро ғайриқонунӣ боздошт ва шадидан таҳқир кардаанд.

Бино ба хабарҳо, гӯиё Дӯстум моҳи гузашта дар майдони бузкашӣ шахсан Ишчиро дар ҳузури садҳо одам латту кӯб карда, ба муҳофизонаш дастур додааст, ки ӯро боздошт кунанд. Баъдан ин хабарро Дӯстум рад карда, рӯзи 13 декабр Ишчи низ раҳо шуд. Амрико, Бритониё, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари Ғарб ҳукумати Афғонистонро ба таҳқиқи расмиву шаффоф ва одилонаи ин қазия даъват намуданд. Сафорати Амрико дар Кобул гуфт, ки "боздошти ғайриқонунӣ, муносибати дағалона ва зиёдаравӣ" онҳоро ҷиддан нигарон кардааст.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, таҳқиқи комили ин қазияро ваъда додааст. Сухангӯи ҳукумати Афғонистон гуфт, "барои онҳо аз қонун дида, чизеву касе болотар нест."

Абдуррашид Дӯстум тасдиқ мекунад, ки Ишчии як замон ҳампаймони сиёсияшро кормандони нерӯҳои амниятӣ пеш аз муноқиша бо ӯ дастгир карда буданд. Муовини президенти Афғонистон мегӯяд, замони боздошти Ишчӣ худи ӯ ҳузур надоштааст. Вале раиси пешини Ҷузҷон афзуда, ки одамони Дӯстум ӯро ҳабс карда, баъдан борҳо латту кӯб ва таҳқири шаҳвонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG