Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олланду Меркел: Таҳримҳо зидди Русия тамдид шаванд


Франсуа Олланд ва Ангела Меркел
Франсуа Олланд ва Ангела Меркел

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон хостааст, муҳлати таҳримҳо зидди Русия дароз карда шавад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, пешравиҳо дар самти иҷрои қарордоди Минск оид ба Украина кофӣ нестанд.

Аз мавқеи садри аъзами Олмон Франсуа Олланд, президенти Фаронса низ пуштибонӣ кардааст. Олланд ва Меркел дар ин бора 13 декабр баъди гуфтушуниди Берлин изҳори назар кардаанд.

Президенти Фаронса дар ҳодисаҳои ҷории Сурия, бахусус дастрасӣ надоштани сокинони Ҳалаб ба кумаки башардӯстона Русияро айбдор донистааст. "Бидуни Русия режими кунунии Сурия вуҷуд надошт", - изҳор доштааст Олланд. Вай даъват кардааст, ки ба сокинони Ҳалаб ҳарчи зудтар кумак карда шавад.

XS
SM
MD
LG