Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Асад даҳҳо мардуми мулкиро дар Ҳалаб куштаанд


Нерӯҳои ҳукумати Сурия 82 сокини мулкӣ, аз ҷумла 11 зан ва 13 кӯдакро дар минтақаҳои шарқи Ҳалаб куштанд. Бахши ҳимоят аз ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо такя ба шоҳидиҳои қобили эътимод гуфтааст, сарбозони Асад ба хонаҳо ворид шуда ва мардуми мулкиро бо шумули занону кӯдакон дар ҷояшон ба қатл мерасонанд.

Ба маълумоти ахири Би-би-сӣ, шӯришгарон, ки шарқи Ҳалабро то ҳол таҳти назорат доштанд, дар остонаи суқут қарор доранд ва танҳо якчанд маҳалларо назорат мекунанд. Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи Байналмилии Салиби Сурх аз ҳукумати Сурия даъват карданд, ки бомбаборонро қатъ ва хуруҷи амни мардумро таъмин кунад.

Қаблан низомиёни Сурия ба хабаргузории Reuters гуфтанд, ки шӯришгаронро аз шарқи Ҳалаб берун карданд.

XS
SM
MD
LG