Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филмҳои тоҷикӣ дар Маскав


Умед Мирзоширинов
Умед Мирзоширинов

Дар шаҳри Маскав дар рӯзҳои 17 то 24 декабр ҷашнвораи филмҳои миллӣ баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он ду филми сохтаи Тоҷикистон ҳам ба намоиш медарояд. Ин филмҳои «Мушкилкушо»-и Умед Мирзоширинов ва «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов мебошанд. Намоиши филмҳои тоҷикӣ рӯзҳои 19 то 23 декабр дар толори синамои «Иллюзион» сурат мегирад. Дар баробари филмҳои сохтаи Тоҷикистон, дар ин ҷашнвора намоишномаҳои коргардонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Эстония дар назар аст.

XS
SM
MD
LG