Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истихборот: маълум нест, ки Русия аз Трамп пуштибонӣ кардааст


Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп
Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп

Раҳбарияти хадамоти истихбороти Амрико аз хулосаи мутахасисони Идораи Марказии Истихборот (ЦРУ), ки мегӯянд ҳадафи кибер-ҳамлаҳо ба Амрико ҷонибдорӣ аз номзадии Доналд Трамп намекунанд, пуштибонӣ намекунанд.

Идораи истихбороти миллӣ ин натиҷагириро, ки ҳамлаҳои ҳакерӣ ба системаи компютерии Амрико аз Русия ворид шудаанд, рад намекунад, аммо бинобар надоштани маълумоти дақиқ наметавонад дар бораи ҳадафи ҳамлаҳо хулоса барорад.

Хабарҳои ғайрирасмӣ, ки истихборот ҳадафи ҳамлаҳои ҳакерии Русияро пуштибонӣ аз Доналд Трамп хулоса кардааст, даъватҳоеро барои бозҷӯии вежаи порлумонӣ ба миён овард. Аммо президенти мунтахаб ҳақиқати хулосаи Идораи истихборотро дар мавриди кӯшишҳои Русия барои таъсиргузорӣ ба натиҷаи интихоботи Амрико зери суол бурд ва онро "масхаромез" унвон кард.

XS
SM
MD
LG