Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои вежаи Беларус дар амалиётҳои Русия иштирок мекунанд


Раисони ҷумҳури Русия ва Беларус
Раисони ҷумҳури Русия ва Беларус

Раиси ҷумҳури Беларус аз як тарҳи созиши байналмилалӣ пуштибонӣ кард, ки бар пояи он нерӯҳои вежаи Беларус метавонанд дар амалиёти зидди террористӣ дар қаламрави Русия иштирок кунанд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" гузориш додааст.

Гуфтушуниди тарҳи созишномаро Кумитаи амнияти миллии Беларус пеш мебарад.

Ҳамкориҳои низомии ду давлат дар чаҳорчӯби созиши таъсиси Иттиҳоди давлатии Русияву Беларус ва ҳамчунин дар қолаби Созишномаи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ сурат мегиранд. Ин ду кишвар беш аз 30 қарордод, аз ҷумла созишномаи танзимкунандаи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ, таъмини муштараки бехатарии минтақавӣ ва омӯзишу парвариши низомиёни Беларус дар донишгоҳҳои махсуси Русияро имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG