Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизион "роз"-и нерӯҳои махсуси Русияро фош кард


Сарбозони Русия
Сарбозони Русия

Шабакаи телевизионии "Россия 1" аз фаъолияти нерӯҳои махсуси Русия дар Сурия барномаи телевизионӣ таҳия кардааст. Дар ин барнома, ки дар сомонаи телевизион нашр шуд, гуфта мешавад, нерӯҳои вижаи Русия роҳбарони гуруҳҳои тундгаро ва террористони маргталабро ҳадаф қарор медиҳанд.

Нишонгир ё снайперҳо давоми рӯзҳо мавзеи ҷиҳодиёнро назорат мекунанд, мегӯяд фармондеҳи нерӯҳои вижа.

Нашрияҳои "Известия" ва "Коммерсант" 8 декабр бо такя ба манбаъҳояшон дар вазорати мудофиаи Русия хабар доданд, "нерӯҳои вижаи Чеченистон" барои ҳифзи пойгоҳи низомии Хмеймими Сурия, ки нерӯҳои Русия он ҷо ҷойгиранд, фиристода шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия пештар вуҷуди нерӯҳои махсусро дар Сурия эътироф намекарданд. Русия мегуфт, дар Сурия танҳо амалиёти ҳавоӣ анҷом ва нерӯҳои давлатии Сурияро омӯзиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG