Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали паҳлавони тоҷик дар ИМА


Варзишгари тоҷик Хушбахт Қурбонмамадови 23-сола дар се мусобиқаи гуштии ҷудо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаш медал – ду тилло ва чор биринҷӣ - ба даст овард.

Вай нахуст дар мусобиқаи “The Big Apple Judo Classic-2016” дар Ню-Йорк дар вазни то 66 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин Хушбахт дар ин мусобиқа дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Баъдан Қурбонмамадов дар мусобиқаи дигар "51-st Annual Dallas invitational Judo", ки дар Техаси ИМА барпо гардид, барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.

Варзишгари тоҷик дар мусобиқаи "18-th Annual Northeastern Judo Championships" , ки дар иёлати Ню Ҷерсии ИМА доир шуд, боз соҳиби се медал гардид. Ӯ дар вазни то 66 кг барандаи медали тилло шуд, дар вазнҳои то 73 кг ва то 100 кг медалҳои биринҷӣ гирифт.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр хабар дод. Вай афзуд, “паҳлавони тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов таҳти раҳбарии мураббии маъруфи русиягӣ Владимир Елчанинов, ки пештар барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Расул Боқиевро машқ медод ва ҳоло устоди қаҳрамони Осиё Комроншоҳи Устопириён мебошад, тамрин мекунад.”

XS
SM
MD
LG