Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Трамп Пекинро "ҷиддан нороҳат" кардааст


Гэн Шуан, сухангӯи Вазорати хориҷии Чин
Гэн Шуан, сухангӯи Вазорати хориҷии Чин

Шарҳи президенти мунтахаби Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп, ки гуфтааст Амрико равобит бо Тайванро бознигарӣ мекунад, Чинро "шадидан нигарон" кард.

Сухангӯи Вазорати хориҷии Чин Гэн Шуан рӯзи 12 декабр гуфт, ки шарҳи Трамп ба равобити байни Амрико ва Чин "таъсири бад" мегузорад.

Чин Тайванро як ҷазираи худгардон, вале як бахши қаламрави худ медонад. Вашингтон сиёсати "Чини ягона" -ро пайгири мекунад ва аз соли 1979 танҳо бо Пекин равобити дипломатӣ дорад.

Аммо президенти мунтахаби Амрико рӯзи 11 декабр аз тариқи шабакаи Fox News гуфт, ки сиёсати "Чини якпорча"-ро хуб дарк мекунад, аммо афзӯд, "намедонам, чаро мо аз он пуштибонӣ кунам, агар бо Чин дар иваз коре накунад, масалан дар соҳаи тиҷорат."

"Ман намемоҳам, ки Чин ба мо дикта кунад"- гуфт Трамп.

Изҳороти Доналд Трамп баъди он пахш шуд, ки президенти Тайван дар як тамоси телефонӣ Трампро бо интихоб шуданаш ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико табрик гуфт ва бо Чинро хашмкин кард.

XS
SM
MD
LG