Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи XXIX байналмилалии наврасон барои гиромидошти хотираи муовини аввали раиси FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки аз 8-ум то 21-уми январи соли оянда дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби наврасони соли таваллудашон 1999 ва хурдтар иштирок мекунанд.

Ба ҷуз мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар ин мусобиқа дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Белорус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва ва Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург ширкат меварзанд.

Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 дастаи ширкаткунандаи мусобиқа ба чор гурӯҳ тақсим мешавад. Мусобиқаи марҳилаи аввал аз рӯи системи даврӣ барпо мегардад, яъне ҳар як даста бо тимҳои дигари гурӯҳ як бозӣ анҷом медиҳад. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо аз рӯи имтиёзҳои дар ҳамаи бозиҳо бадастоварда муайян карда мешавад (ғалаба – 3 имтиёз, мусовӣ – 1 имтиёз, бохт – 0 имтиёз).

Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки ин мусобиқаи анъанавӣ таърихи беш аз 30-сола дорад. Соли гузашта ҷоизаи аслӣ насиби дастаи мунтахаби наврасони Словения гардида буд. Ин даста дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон – Санкт-Петербург – бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Мунтахаби Русия барои ҷойи севум дастаи Финляндияро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод.

Мавқеи дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқаи XXVIII байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин дар соли 2016:

1. Словения. 2. Санкт-Петербург. 3. Русия. 4. Финляндия. 5. Латвия. 6. Словакия. 7. Белорус. 8. Озарбойҷон. 9. Ҷопон. 10. Қазоқистон. 11. Булғористон. 12. Молдова. 13. Эстония. 14. Литва.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG