Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи интиҳорӣ дар Истанбулро маҳкум кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи фоҷеабори шаби 10 декабр дар шаҳри Истанбул, ба ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон номаи тасаллият фиристодааст. Дар ин нома Эмомалӣ Раҳмон ин амали интиҳориро маҳкум намуда ва ба зарурати тақвияти мубориза ба терроризм таъкид кардааст. "Бо изҳори ҳамдардии амиқ ба аҳли наздикони фавтидагон, орзуманди шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем",-омадааст дар ин нома.

Бар асари ин ҳамлаҳо, ки дар назди варзишгоҳи “Водафон Арена”-и Истанбул рух дод, ҳадди ақал 38 нафар кушта ва беш аз 160 тани дигар захмӣ шуданд. Дар миёни онҳо шумораи зиёди пулис ҳастанд. Таркиш баъд аз анҷоми мусобиқаи футбол рух дод, ки дар онҷо теъдоди зиёди пулиси зидди шӯриш ва сокинон ҳузур доштанд. Гурӯҳи ниманизомии "Бозҳои озоди Курдистон" бо интишори баёния, масъулияти ин ду таркишро ба ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG