Айбдоркунандаҳо дар додгоҳи байналмилалии Гаага оиди Югославияи собиқ, дар мурофиаи фармондеҳи артиши сербҳои босниягӣ Ратко Младич сухани охиринро мегӯяд.
Генерал Младич ба ҷинояти ҷанг алайҳи башар ва қатли ом муттаҳам мешавад. Гуфта мешавад, ки Младич дар поккориҳои қавмии замони ҷанги Босния, солҳои 1990, аз ҷумла куштори беш аз 8 ҳазор мусалмони босниягӣ дар Сребренитса масъулият дорад.
Дар гузашта Родован Караҷич, собиқ раҳбари сербҳои босниягӣ барои кушторҳои дастаҷамъи ва ҷиноятҳои дигар муҷрим эътироф шуд. Додгоҳ ӯро ба 40 соли зиндон маҳкум кард.
Интизор меравад, ки ҳукми Малдич баъди соли нав эълон шавад.
Ратко Младич охирин муттаҳамест, ки дар додгоҳи байналмилалӣ оиди Югославияи собиқ муҳокима мешавад. Дар маҷмуъ 161 нафар ҳамчун айбдоршаванда дар ин додгоҳ мурофиа шудаанд. Аз ин шумор 83 нафар ҳукми зиндон гирифтанд, ки дар байни онҳо сербҳо, хорватҳо, мусалмонҳои босниягӣ ва албаниҳои Косово буданд.