Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо қубурҳои Қирғизистонро бозсозӣ мекунад


Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои бозсозии сохтор ва низоми обёрии се шаҳри Қирғизистон - Ӯш, Қара-Суу ва Чолпон-Ота 11 миллион евро сармоягузорӣ мекунад.

Бо 4,75 млн еврои сармоя дар шаҳри Ӯш иншооти тозасозии об бозсозӣ, дастгоҳҳои обкашӣ (насос)-ҳо таъмин ва ҳисобкунакҳои обӣ дар бархе аз ноҳияҳои шаҳр насб мешавад, мегӯяд намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Бишкек.

Дар шаҳри Чолпон-Ота аз ҳисоби маблағҳои сармоя дар ҳаҷми 3,1 млн евро иншооти муҳими обёрӣ, аз ҷумла қубурҳо ва ҷӯйҳои об таъмир ва дастгоҳҳои махсус харидорӣ мешавад.

Иттиҳоди Аврупо аз ҳисоби Бунёди сармоягузории ИА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (IFCA) ба Қирғизистон маблағ ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG