Дар Ханти-Мансийски Русия 5 декабр дар робита ба ҳалокати кӯдакон, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ ҷон доданд, мотам эълон шудааст. Автобуси дастаи кӯдаконаи дорбозон, ки рӯзи якшанбе аз мусобиқаи Нефтеюганск бармегашт, дар ҳудуди Ханти-Мансийск бо мошини боркаше бармехӯрад. Дар натиҷаи ин садама, 13 нафар, аз ҷумла 11 варзишгари наврас ҷон доданд. Муфаттишон гуфтаанд, ки зимни интиқоли кӯдакон ба қонуншиканиҳо роҳ дода шуда, автобус бидуни мувофиқа ва ҳамроҳии кормандони БДА ҳаракат кардааст.
Бино ба фарзияи ибтидоӣ, рӯзи 4 декабри соли равон ронандаи автобуси ҳомили 29 навраси аз 12 то 14 сола дар 926-километрии шоҳроҳи Тюмен Ханти-Мансийск аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада бо мошини боркаше бархӯрдааст. Дар пайи садамаи нақлиётӣ ду мошини сабукрави дигар низ зарар дидаанд. Яке аз кӯдакон дар роҳ ба сӯи беморхона ва як тани дигар дар бемористон ҷон додаанд. Ҷамъан 11 кӯдак ба ҳалокат расидааст.
Президент Владимир Путин охирҳои моҳи июни соли равон пешниҳод карда буд, ки ниҳоди ягонаи федеролие барои таъмини амнияти истироҳати кӯдакон дар Русия таъсис дода шавад. Ин пешниҳоди Путин зимни ҷаласаи ҳукуматаш ҳангоми ёдоварӣ аз фоҷиаи кӯли Сямозеро сурат гирифт.