Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 3 декабр дар Душанбе, дар як ҷаласа, ки дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон доир гашт, ширкати варзишгарони кишвар дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия натиҷагирӣ шуд. Дар ин бора Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳисобот дод. Вай гуфт, шумораи варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ширкат варзиданд, ҳафт нафар буда, онҳо дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, ҷудо ва шиноварӣ иштирок карданд.

Баҳрулло Раҷабалиев
Баҳрулло Раҷабалиев

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд, дар феҳристи кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи Лондон дар соли 2012-ум 25 зина болост. Инчунин, Тоҷикистон аз рӯи шумораи медали тилло ба теъдоди варзишгароне, ки аз кишвари мо дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок доштанд, дар байни кишварҳои ҷоизадор дар мақоми аввал қарор гирифт. Аз ин ҷиҳат Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюм ва Озарбойҷон сеюм шуданд.

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин аввалин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи кулли Созмони Кумитаҳои миллии олимпӣ, ки рӯзҳои 15-16-уми ноябр дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа – барпо гардид, барои аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ бо ҷоизаи ANOC сарфароз шуд. “Вале дар Олимпиадаи Рио-2016 шаш варзишгари дигари мо - Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг), Олим Қурбонов, Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Дилшод Назаров баъди бозгашт аз Бозиҳои Рио-2016
Дилшод Назаров баъди бозгашт аз Бозиҳои Рио-2016

Дар ҷаласаи мазкур нақшаи кории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2017 тасдиқ шуд. Бар асоси он як қатор чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 25-солагии таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, соли оянда варзишгарони тоҷик дар ду чорабинии бузурги варзишӣ ширкат хоҳанд кард. Яке Бозиҳои IV ҳамбастагии исломист, ки аз 12 то 22 май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир мешавад. Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо бо иштироки беш аз 5000 варзишгар дар 20 намуди варзиш барпо мегардад.

Дигаре Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ мебошад, ки аз 17 то 27 сентябр дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор хоҳад шуд. Дар ин бозиҳо ширкати 5500 варзишгар аз 69 кишвари Осиё ва Уқёнус дар назар аст. Онҳо аз рӯи 21 намуди варзиш рақобат мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG