Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия иҷоза намедиҳад, ки манфиатҳояшро маҳдуд кунанд


Русия иҷоза намедиҳад, ки манфиатҳояш маҳдуд шаванд ва "ба машварат ҳам ниёз надорад", гуфт Владимир Путин рӯзи панҷшанбе, дар паёми солонааш ба маҷлиси Федератсиюн.

Путин гуфт, ки кишвараш ба кӯшиши фиошороварӣ аз хориҷ, назири "устура дар бораи таҷовузкорӣ ва таблиғот", маъракаҳои фармоишӣ, пахши матолиби бадномкунанда ва фишор ба варзишгарон рӯ ба рӯ шудааст.

Президент Путин гуфт, ки "ба тафовут аз ҳамтоҳои хориҷӣ", Русия дар пайи душманкобӣ нест, Русия дӯст меҷӯяд ва ба эҷоди сохтори устувори равобити байналмилалӣ омода аст.

Раҳбари Русия дар идома гуфт, ки сиёсати фаъоли кишвараш дар самти шарқ аз манофеи дарозмуддати кишвараш маншаъ мегирад, на аз мулоҳизаҳои тактикӣ. Ӯ аз рушди равобти бо Чин ва пешрафт дар ҳамкорӣ бо Ҷопон пуштибонӣ кард.

Қабл аз анҷоми суханронӣ Владимир Путин фаъолияти нерӯҳои кишвараш дар Сурияро "пуртаъсир" хонд. Ӯ ҳамчунин барои рушди равобит бо маъмурияти нави Кохи Сафед изҳори омодагӣ кард.

Дар суханронии Путин низои Украина аслан зикр нашуд.

XS
SM
MD
LG