Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои таҳдидомез ба чанд масҷид дар Амрико


Масоҷиди Калифорния, Оҳаё ва чанд аёлати дигар номаҳое таҳдидомезеро дарёфт карданд, ки дар онҳо аз мусалмонҳо талаб мешавад кишварро тарк кунанд, вагарна ба қатли гирифтор мешаванд.

Пулис мегӯяд, номаҳое, ки ба аёлатҳо расидаанд, нусхаи дастӣ аст ва ба суроғаи "фарзандони шайтон" фиристода шудааст.

Шӯрои Равоби Исломии Амрико, як гурӯҳи умдаи дифоъ аз озодиҳои шаҳрвандӣ, аз Хадамоти тафтишоти Амрико - FBI даъват кард, ки ин номаҳоро таҳқиқ кунад.

Аммо Хадамот тафтишот гуфтааст, ки ҳарчанд ин таҳдидҳо таҳрикдиҳанда ва воҳиманок ҳастанд, аммо хатари ногузир надоранд ва ҳоло барои бозҷӯӣ кофӣ нестанд.

Дар ин номаҳо ҳамчунин навиштаанд, ки президнти мунтахаб Доналд Трамп бо мусалмонҳо ҳамон рафтореро раво мебинад, ки Ҳитлер бо яҳудиҳо карда буд.

Ҳафтаҳои ахир пулиси Амрико аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба озору азияти нажодӣ гузориш додааст. Мунақидони президенти мунтахаб инро натиҷаи изҳороти зиддимусалмонии Трамп арзёбӣ мекунанд, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ пахш шуданд.

XS
SM
MD
LG